Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Максим Боқиев


Додситонии кулли Қирғизистон бар зидди писари дувуми президенти собиқи ин кишвар, Максим Боқиев, ки ба сирқати амвол ва суистифода аз мақоми давлатӣ айбдор мешавад, ду парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Максим Боқиеви 33-сола, ки раёсати Бунгоҳи сармоягузорӣ ва рушди иқтисодии Қирғизистонро дар ӯҳда дошт, ба қавли намояндаи додситонии кулли ин кишвар, 35 миллион долларро аз қарзи 300-миллион долларии Русия ба чанд ҳисоби бонкии зери назорати худ интиқол додааст. Вай ва шариконаш ба он айбдор мешаванд, ки бахши дигаре аз ин вомро барои хариду фурӯши саҳмияҳои хориҷӣ истифода бурдаанд. Ҳоло дар куҷо будани Максим Боқиев маълум нест. Вай дар арафаи рӯйдодҳои Қирғизистон барои гуфтушуниди расмӣ ба Вашингтон парвоз карда буд.
XS
SM
MD
LG