Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои таҳқиқоти СММ дар бораи марги Беназир Бҳутто


Камисиюни пажӯҳишии СММ ба ин натиҷа расидааст, ки дар ҳалокати Беназир Бҳутто, нахуствазири собиқи Покистон, мақомоти расмии кишвар ҳам гунаҳкоранд. Беназир Бҳутто 27 декабри соли 2007 бар асари ҳамлаи маргталабона кушта шуда буд.

Камисиюни мазкур гуфтааст, мақомоти Покистон амнияти Беназир Бҳутторо, ки моҳи декабри соли 2007 бар асари сӯиқасде кушта шуд, дуруст таъмин накардаанд.

Ба гуфтаи кумиссиён, гузашта аз ин парвандаи сӯиқасд ба ҷони Беназир Бҳутто ба таври комил таҳқиқ нашудааст ва мақомоти Покистон ин корро “дониста” кардаанд.

Дар гузориши кумиссиён ҳамчунин омадааст, ки мақомоти расмӣ ва хадамоти иттилоъотии Покистон дар кори кумиссиёни Созмони Милал барои таҳқиқи марги Беназир Бҳутто, монеаҳои сахте эҷод кардаанд.

Беназир Бҳутто, баъди чанд ҳафтаи бозгашташ аз хориҷ ба Покистон рӯзи 27 декабри соли 2007 баъди як раҳпаймоӣ дар шаҳри Равалпиндӣ бар асари тирандозӣ ва ҳамлаи маргталабона кушта шуд.

Тафсилоти бештар дар бораи марги Бҳутто:

Беназир Бҳутторо кӣ кушт?

Беназир Бҳутто дар аксҳо
XS
SM
MD
LG