Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се итолиёӣ дар Ҳилманд ба сӯъиқасд муттаҳам шуданд


Вазорати хориҷаи Итолиё мегӯяд, се табиби итолиёӣ, ки дар ҷануби Афғонистон бо иттиҳоми таҳияи сӯъиқасд ба ҷони волии маҳаллӣ боздошт шуданд, ба Кобул таҳвил ёфтаанд.
Ин се табиб, ки барои як созмони имдодии итолиёӣ кор мекарданд, рӯзи шанбе дар пайи кашфу забти камарбандҳои интиҳорӣ ва силоҳу муҳимоти дигар аз амбори бемористони Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, дастгир шуданд. Созмони имдодҳои изтирорӣ, ки аз соли 1999 дар Афғонистон фаъолият дорад, даст доштанаш дар ҳар навъ сӯъиқасдро радд мекунад.
Сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ дар номае ба раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай хостори таҳқиқи фарогири ин қазия шудааст.
XS
SM
MD
LG