Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ Исмоил Исҳоқовро пурра сафед кард


Додгоҳи низомии Қирғизистон Исмоил Исҳоқовро пурра сафед кард ва нишонҳои давлативу унвони низомии генералиро ба ӯ баргардонд. Исмоил Исҳоқов, вазири собиқи дифоъ дар ҳукумати раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев, баъди барканориаш аз мақом ва пайвастанаш ба мухолифин, дар моҳи январ бо ҷурми даст доштан дар фасод ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Вале дар пайи ошӯбҳои 7 апрел ва барканории Боқиев раҳбарони мухолифин Исҳоқовро аз зиндон раҳо карда, ва дубора раҳбарии вазорати дифоъро дар ҳукумати муваққат дигарбора ба ӯ супурданд.
XS
SM
MD
LG