Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифинро дар Боку пароканда карданд


Дар пойтахти Озарбойҷон, мақомоти интизомӣ, тазоҳуроти мухолифин алайҳи маҳдудияти ҳаққи ташкили гирдиҳамоиро пароканда карда ва баъзе аз тазоҳургаронро ҳам боздошт намудаанд. Яшор Алиев, муовини фармондеҳи пулиси Боку ба хабарнигорон гуфт, тазоҳуротро бидуни иҷозаи мақомот сурат гирифт ва аз ин рӯз пароканда карда шуд. Аксари тазоҳургарон аъзои ҳизби мухолифи Мусовот будаанд ва ҳудуди 30 нафари онҳоро, барои “нофармонӣ ба пулис” дастгир ва баъди муддати кӯтоҳ раҳо кардаанд. Мақомоти Боку гирдиҳамоӣ дар маркази шаҳрро се сол боз аст, иҷоза намедиҳанд ва ин амр мояи эътирози мухолифин шудааст.
XS
SM
MD
LG