Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти мусофирон аз рафтори гумрукчиёни узбак


Мусофирони қаторҳои хатсайри Маскав-Кӯлоб аз афзоиши фишори кормандони гумруки Узбакистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури марзи ин кишвар шикоят мекунанд.

Даҳҳо мусофири хатсайри Маскав-Кӯлоб, ки шоми рӯзи гузашта дар истгоҳи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа аз қатора фуруд омаданд, хаставу бемадор ва ноҷӯр ба назар мерасиданд.

Агар иллати бедимоғиву камҳавсалагии яке мусодираи молу пулаш аз сӯйи гумрукиёни посгоҳҳои Узбакистон бошад, дигарӣ аз дидани манзараи шиорзаниҳои донишҷӯёни узбак алайҳи ширкати ТАЛКО ва нерӯгоҳи Роғун дар Термизи Узбакистон нохуш будааст.

Ҳуснидини 24-сола, ки ба воситаи қатора аз муҳоҷирати корӣ ба зодгоҳаш Қӯрғонтеппа баргашт, мегӯяд, ӯву аксар мусофирони дигари тоҷик дар хоки Узбакистон мавриди пурсуҷӯву кофтукови зиёда аз меъёр ва одоби инсонӣ қарор гирифтанд:

«Хеле ғам доданд, пӯшокҳои бо худ овардаамро гирифтанд дар яке аз посгоҳҳои Узбакистон. Аз ҷумла 20 адад шимми «ҷинс» ва 7-8 адад борониро, ки қиматашон беш аз 20 ҳазор рубли русиро ташкил медод. Агар даъво кунӣ, мезананд. Маро нагузоштанд, ки декларатсияро пур кунам, колоҳоро мусодира карданд, маро ва чанд ҷавони дигарро мушт кӯфтанд. Ман шикоятнома навишта ба роҳбалади қатори саввум супурдам. Дигар, паноҳашон ба Худо. Оянда бо қатори роҳи оҳан на ба Русия меравам ва на бархоҳам гашт. Азобаш бисёр…»

Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки Умрилло ном дорад, дар сӯҳбат бо микрофон гуфт, ки дар қаламрави Узбакистон ҳеҷ мушкил надошт.

Ва аммо вақте микрофон хомӯш карда шуд, вай дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, шоҳиди ин ҳол шудааст, ки ғолибан дар маҳалҳои Термизи Узбакистон гурӯҳе аз ҷавонон бо овезаву портретҳои калонҳаҷм ба мазмуни зидди тавсеаи кори ширкати алюминиум – ТАЛКО ва бозсозии нерӯгоҳи Роғун, дар назди қатори роҳи оҳани равона ба Тоҷикистон шиорзанӣ мекарданд.

Хонум Муҳайё, роҳбалади собиқадори хатсайри Кӯлоб-Маскав, мегӯяд, бавижа пас аз манъи қаторҳои борбари роҳи оҳани Тоҷикистон дар хоки Узбакистон, мушкили қаторҳои мусофирбари Тоҷикистон дар кишвари ҳамсоя афзудааст. Вай мегӯяд, ҳатто баъзе мусофирон бо иттиҳомоти сохта боздошт мешавад:

«Чунин мисолҳо ҳам ҳастанд, ки «подстава» мекунанд бо маводи мухаддир. Агар роҳбалад ҳушёрӣ кунад, мусофирро наҷот дода метавонад. Аммо мусофирон ҳам бояд худ ҳушёр бошанд…»

Роҳбалади дигари хатсайри Маскав-Кӯлоб, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ҳодисаҳои мусодираи маблағи мусофирони тоҷик аз сӯйи гумрукиёни тафтишгар дар посгоҳҳои Узбакистон низ дар ин авохир зиёд мушоҳида мешавад, ки дар зимн, роҳбаладони қатора, ки кормандони ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мебошанд, коре дар ислоҳи ин вазъ анҷом дода наметавонанд:

«Медонед, онҳо ҳазор рубли русиро ҳам мусодира мекунанд, агар дар декларатсия нанависӣ. Дар ҳоле ки дар ҳавопаймоҳо ин тур нест. Бидуни қайд дар декларатсия то 10 ҳазор доллар обо худ дар ҳавопаймо бурдан мумкин аст. Аммо мавридҳое шудаанд, ки то 5-10 ҳазор рубл, аз ҳазор то ду ҳазор доллару еврои мусофирони моро ҳам аз худ кардаанд. Барои маблағи ҳаҷмаш кам ҳам, 10 сомонӣ ҳам гумрукиёни Узбакистон зиёд пурсуков мекунанд, мусодира мекунанд, ки ин ҳолат дар Қазоқистон, дар худи Русия аслан рӯй надодааст. Фақат қонуни кишвари ҳамсоя ҳамин хел шадид аст. Гоҳе мешавад, ки барои ҳаққи мусофир мо ҷанг ҳам мекунем, аммо на ҳамеша зӯрамон мерасад…»

Ба гуфтаи роҳбалади мазкур, ҳаракати қатораҳои хатсайри Маскав-Душанбе ва Маскав-Кӯлоб дар қаламрави Узбакистон тақрибан ду рӯз идома карда, мусофирон ва молу колои онҳо дар чаҳор постгоҳи он кишвар мавриди тафтиши амиқ қарор мегирад.

Борҳо шуда, ки бинобар тафтишҳои давомдор, қатораҳо то ба Маскав ва баръакс – то ба Тоҷикистон бо таъхири аз се соат то як шабонарӯз расидаанд.
XS
SM
MD
LG