Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи интихобот дар Лаҳистон 21 апрел эълон мешавад


Рӯзи интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурии Лаҳистон 21 апрел, баъд аз маросими дафни раисиҷумҳур Лех Качинскӣ ва хонумаш Мария, эълон хоҳад шуд. Дар ин бора кафили раёсатҷумҳурӣ Бронислав Коморовскӣ хабар дод. Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки интихоботи президентӣ 13 ваё 20 июни соли равон баргузор мешавад ва Коморовскӣ барои мушаххас кардани санаи баргузории ин маъракаи сиёсӣ бо раҳбарони аҳзоби кишвар машваратҳо доир хоҳад кард.
Раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинскӣ субҳи рӯзи 10 апрел бар асари суқути ҳавопаймо дар канори фурудгоҳи шаҳри Смоленски Русия ба ҳалокат расид. Дар ин ҳодиса дар маҷмӯъ 96 нафар, аз ҷумла се муовини раиси Сейм, раиси Бонки Миллӣ, раиси ситоди Артиш, муовини вазири умури хориҷа, вакилони парлумон, муаррихон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯҳониёни маъруфу хабарнигорон низ ҷон бохтаанд.
Қарор аст, ки маросими дафни раисиҷумҳур Качинскӣ ва хонумаш Мария рӯзи якшанбе дар қасри Вавел дар Краков баргузор шавад. Дар ин маросим сарони ИМА, Русия, Фаронса ва дигар кишварҳо ҳузур хоҳанд дошт.
Дар Варшава маросими видоъ бо раисиҷумҳур идома дорад. Дар Лаҳистон то рӯзи шанбе мотами миллӣ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG