Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева бо фиристодаи ИМА дидору гуфтугӯ кард


Имрӯз Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷаи Амрико ва Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, мавзӯъи имкони кумаки ИМА ба ин кишвари Осиёи Марказиро баррасӣ карданд. Баъд аз мулоқот Роза Отунбоева гуфт, ки масоили марбут ба таҳияи тарҳи нави Қонуни асосии Қирғизистон, санаи баргузории интихоботи оянда дар кишвар низ дар меҳвари мулоқот ӯ бо Роберт Блейк буд. Ӯ афзуд, ки дар сӯҳбат мавзӯъи идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Амрико дар фурудгоҳи “Манас” баррасӣ нашудааст.
Дар ҳамин ҳол имрӯз Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, зимни суханронӣ дар Пажӯҳишгоҳи Брукингси Амрико ҳушдор дод, ки Қирғизистон дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад ва шояд ба “Афғонистони дуввум” табдил шавад. Сарвари Русия хатари ба ду қисмат - ҷанубу шимол тақсим шудани Қирғизистонро воқеӣ арзёбӣ намуд. Дмитрий Медведев аз ҷонибҳои мухолифи Қирғизистон хостори аз роҳи осоишта ҳаллу фасл кардани бӯҳрони феълӣ дар кишвар шуд.
XS
SM
MD
LG