Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Аҳмадинажод аз Обама барои беҳбуди равобит


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, аз Барак Обама даъват кард, муносиботи кишвараш бо Эронро беҳбуд бахшад. Маҳмуди Аҳмадинажод дар мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, кишвараш дар пайи даъво бо Амрико нест ва Эрон барои Барак Обама ягона шонсе аст, ки ваъдаи пешазинтихоботиашро иҷро кунад ва бигӯяд, ки бо Эрон ба ҳамкорӣ шурӯъ кардам ва инро бояд дар амал нишон бидиҳад. Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамчунин гуфт, “Беҳбуди равобит бо Эрон барои Барак Обама ягона шонси мондан дар қудрат аст.”
XS
SM
MD
LG