Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқ сари 23 миллион қарзи "Сангтӯда-1"


Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара, мегӯяд, пас аз баҳсҳо масъулини "Сангтӯда-1" ба пардохти давра ба давраи қарз розӣ шудаанд
Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара, мегӯяд, пас аз баҳсҳо масъулини "Сангтӯда-1" ба пардохти давра ба давраи қарз розӣ шудаанд

Раҳбарияти нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” розӣ шудааст, ки беш аз 23 миллион сомонӣ қарзи нозироти андози ноҳияи Данғараро давра ба давра пардохт кунад.

Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара, мегӯяд, пас аз баҳси нозироти андоз ва масъулини нерӯгоҳ дар додгоҳи иқтисодии кишвар ҷонибҳо ба ин тавр супурдани қарз розӣ шудаанд.

Вай дар бастагӣ ба мавзӯъ афзуд, “Сангтӯда-"1 ҳар моҳе ба миқдори 11 миллион сомонӣ ба Тоҷикистон барқ мефурӯшад ва 5-6 миллион сомонии он баргардонида мешавад. Ҷониби Тоҷикистон ҳозир кӯшиш мекунад, то сари вақт маблағашро пардохт кунад. Аммо онҳо аз нозироти андози Данғара 23 миллион сомонӣ қарздоранд. Онҳо ба хулосае расида буданд, ки ҳар моҳ 3 миллион сомонӣ супоранд, вале моҳи гузашта 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ супурданд, яъне ҳамон маблағи ваъдагиро низ натавонистанд бисупоранд”.

Ба гуфтаи Кишвар Раҷабов, ҷонишини сардори нозироти андози ноҳияи Данғара, масъалаи пардохти қарз танҳо дар сатҳи болоии ҳукумати Тоҷикистону Русия ҳал шудааст.

Дар ҳамин ҳол кӯшиши гирифтани назари масъулини нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” сари ин масъала бенатиҷа анҷом ёфт. Тоҷиниссо Аллаева, ёрдамчии директори кулли нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” гуфт, директори генералӣ ҳоли ҳозир сари кор нест ва ӯ наметавонад, атрофи ин масъала сӯҳбат кунад.

Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мавқеият дорад ва мувофиқи қавонин Тоҷикистон нерӯгоҳ аз ҷамъи даромади хеш ба нозироти андози ин ноҳия бояд андоз супорад.

Нерӯгоҳи мазкур бо сармоягузории 75 дарсади ҷониби Русия бунёд ёфтааст ва ба гуфтаи масъулин солона даромади ин нерӯгоҳ аз ҳисоби фурӯши барқ дар дохил ва хориҷи кишвар ба беш аз 1 миллиард долар, наздики 5 миллиард сомонӣ мерасад.
XS
SM
MD
LG