Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии муштзанҳои тоҷик дар Туркия


Аввалин мусобиқаи байнулмилалии бокс барои дарёфти ҷавоизи Нахуствазири Туркия, ки дар шаҳри Истамбул тӯли як ҳафта идома кард, 12-уми апрел ба анҷом расид.

Мирзо Шамсиев, мураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқа 328 нафар мардону занон аз 33 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Шарафи варзиши тоҷикро се мард ва як зан ҳимоя карданд. Байни онҳо танҳо Анвар Юнусови 23-сола ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар нахустин қувваозмоии худ дар вазни то 54 кг бар рақибаш Ҷон Невин, аз Ирландия, ки ҷоизадори сабқати ҷаҳонист, аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд. Вале ӯ дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Евгений Аверини русиягӣ бо ҳисоби 1:6 мағлуб гашт. Дар ин вазн муштзани Туркия Улас Менис Фурқан ғолиб омад.

Муштзани 19-солаи тоҷик Рустами Ҷумъа бошад, дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 91 кг аз варзишгари пуртаҷрибаи эронӣ Алӣ Мазахерӣ, қаҳрамони Осиё, шикаст хӯрд.

Дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг миёни занон Тоҷикистонро Мавзуна Чориеваи 18-сола намояндагӣ кард. Ӯ дар даври аввал қувваозмоиро ба Стифания Валкери канадагӣ бой дод.

Вале муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонови 24-сола, ки пеш аз шурӯъи рақобатҳо дар вазни то 91 кг бемор шуд, дар ин мусобиқа иштирок накард.

Оқои Шамсиев афзуд, «муштзанҳои бузургсоли тоҷик пас аз сабқати ҷаҳонӣ тӯли 7 моҳи ахир дар ягон мусобиқаи байнулмилалӣ ширкат надоштанд ва ин, албатта, ба натоиҷи қувваозмоии онҳо дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Туркия таъсири манфӣ расонд. Аз ин рӯ барои омодагии ҳамаҷониба ба Бозиҳои имсолаи Осиёӣ дар Чин ба мо зарур аст, ки ҳарчи бештар дар мусобиқоти байнулмилалӣ ширкат карда, таҷоруби байнулмилалӣ касб намоем. Дар сурати дарёфти маблағи зарурӣ дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон моҳи май дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Қазоқистон ширкат хоҳад кард».
XS
SM
MD
LG