Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қавли Покистон дар мавриди гурӯҳҳои мухолифи Ҳинд


Юсуфризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон гуфт, ифротгароёнеро, ки қаламрави кишварашро барои ҳамла ба Ҳинд истифода мекунанд, таҳаммул нахоҳад кард. Юсуфризо Гелонӣ таъйид намуд, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, масъалаи ҳузури гурӯҳи ифротгарои Лашкари Тайиба дар қаламрави Покистонро дар мулоқоташ бо ӯ дар рӯзи якшанбе матраҳ кардааст. Нахуствазири Покистон афзуд, кишвараш то кунун, фаъолияти баъзе аз гурӯҳҳои ифротгароро мамнӯъ ва ҳисобҳои банкиашонро масдуд кардааст. Ба гуфтаи Юсуфризо Гелонӣ, кишвараш хоҳони далелҳои бештар аз Ҳинд аст, ки Лашкари Тайиба дар ҳамлаҳои хунини соли 2008 ба шаҳри Бомбай даст дорад ва додгоҳи кишвараш ин гурӯҳро арзёбӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG