Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полша баъди марги раиси ҷумҳур


Полша талош дорад, баъд аз марги Лех Качинский, раиси ҷумҳур ва даҳҳо нафар аз нухбагони низомии худ зиндагиро ба маҷрои маъмулӣ баргардонад ва холигоҳро дар раҳбарии кишвар кур кунад.

Рӯзи шанбеи гузашта Лех Качинский, раиси ҷумҳур ва даҳҳо нафари дигар аз раҳбарони ин кишвар баъд аз суқути ҳавопаймо дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Смоленски Русия ҷон бохтанд. Ҳоло Полша талош дорад, баъд аз ин зоеъаи бузург холигоҳро дар раҳбарияти кишвар пур кунад ва устувории демократияи ҷавони ин кишварро собит созад.

Доналд Туск, нахуствазири кишвар мегӯяд, вай бо Пиотр Виесиолек-раиси нави Бонки Марказӣ ҳамеша дар тамос аст, то мутмаин бошад, ки суботи вазъи иқтисодӣ дар кишвар ҳифз мешавад.

Дар суқути ҳавопаймо ба ҷуз аз раиси ҷумҳур ва хонумаш 94 нафари дигар, аз ҷумла, муовини вазири корҳои хориҷа, ду муовини раиси порламон, раиси Бонки Марказӣ, фармондеҳи ситоди артиш ва фармондеҳони нируҳои обиву ҳавоии Полша кушта шуданд.

Гузашта аз ин, рӯҳониёни аршади Калисои Католик, донишмандони таърих роҷеъ ба сарнагунии коммунизм ва раиси ҷумҳури давраи нозиён, ки аз вай раиси ҷумҳури пешини Полша дар ғурбат ном бурда мешуд, дар миёни кушташудагонанд.

Тобути Лех Качинский рӯзи сешанбе барои видоъ дар Варшава дар Кохи раёсати ҷумҳурӣ гузошта мешавад. Эълон кардаанд, ки 17-уми апрел Лех Качинский ба хок супурда мешавад.

Тобути раиси ҷумҳур аз Русия ба Полша интиқол дода шудааст. Ҷасадҳои дигарон аз Смоленск, маҳалли ҳодиса барои шиносоӣ ба Маскав интиқол ёфтаанд. Бино ба гузоришҳо, аксари ҷасадҳо он гуна осеб дидаанд, ки барои шиносоӣ бояд онро аз озмоиши DNA гузаронанд.

Дар сафоратхонаи Полша дар Вошингтон сабти таслият идома дорад. Хонум Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, аз даст додани шахсиятҳои калидӣ зоеъаи бузург дар “Ҷунбиши ҳамбастагии Полша” мебошад.

Ӯ мегӯяд: "Ононе, ки ҷони худро аз даст доданд, он гуна, ки сафир мегӯяд, бисёрашон шахсиятҳои раҳбарӣ ва пайравони қавиву бебоки Ҷунбиши ҳамбастагӣ буданд, ки Полшаро ба сӯи озодӣ раҳнамоӣ карданд. Онҳо аз худ мероси ғанӣ гузоштанд, меросе, ки абадӣ боқӣ хоҳад монд".

Бронислав Коморовский, раиси порламони Полша, ки ҳоло кафили раёсати ҷумҳурӣ мебошад, гуфт, ки вай дар зарфи 14 рӯз интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ эълон мекунад ва ин интихобот бояд дар 60 рӯзи оянда баргузор шавад.

Хабаргузории “Ассошиейтед Пресс” аз қавли Казимиерз Кик, таҳлилгари сиёсӣ аз донишгоҳи Киелтсе мегӯяд, талафоти якбораи шахсиятҳои зиёди иҷтимоӣ имтиҳоне барои демократияи ҷавони Полша аст.

Ӯ гуфт, мактаби демократияи Полша ба андозаи кофӣ рушд кардааст ва қаввист, вале мардум дар мотам нишастаанд. Таъсири фоҷеа аз он ҷиҳат низ амиқтар шудааст, ки президент Качинский ва ҳайати ҳамроҳонаш дар роҳ ба сӯи Катин барои гиромидошти хотираи ҳазорон нафар қурбониёни кушторҳои НКВД-и Шӯравӣ дар солҳои 40-ӯми қарни гузашта буданд.

Ин боздид нишонаи беҳбуди равобити Полшаву Русия буд. То ҳол коршиносони Русияву Полша дар маҳали ҳодиса ба таҳқиқи пораҳои ҳавопаймо ва сабабҳои ҳодиса машғуланд. Ягона суоли аслие, ки ҳоло пеш омадааст, ин аст, ки чаро дар ҳавои абрӣ ва шароити диди номукаммал халабонон бар хилофи машварати коршиносони фурудгоҳ тасмим гирифтаанд, дар ин фурудгоҳ ба замин нишинанд.

Ҳавопаймо се бор барои фуруд талош кардааст ва бори севвум дар масофаи кӯтоҳ то хати нишаст ба дарахт бархӯрда сарнагун шудааст.

Рӯзноманигорон гузориш медиҳанд, ки дар гузашта боре ҳангоми нишаст дар фурудгоҳи Тифлиси Гурҷистон дар шароити душвор Лех Качинский халабононро мазаммат кардааст, ки аз фуруд омадан худдорӣ кардааст.

Бо назардошти ин, ҳоло онҳо мегӯянд, ки шояд рӯзи шанбеи гузашта низ Качинский халабононро ба фуруд маҷбур карда бошад.
XS
SM
MD
LG