Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Марги Качински талафоти бузурги олам аст"


Лех Качински, президенти Лаҳистон. Акс аз хазина
Лех Качински, президенти Лаҳистон. Акс аз хазина

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, бо пахши изҳороти вижа дар робита ба ҳалокати раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качински гуфтааст, ки марги Качински “талафоти бузург барои Лаҳистон, ИМА ва олам аст”.

Ба гуфтаи Обама, раисиҷумҳур Качинский ходими бузурги давлатӣ буд, ки дар ҷунбиши “Ҳамдилӣ” (“Солидарность”) нақши калидӣ дошт. Сарвари Амрико дар изҳороти вижаи худ ҳамчунин ишора кардааст, дар Амрико Лех Качинский ҳамчунин раҳбаре, ки умри худро сарфи арзишҳои демократӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар кардааст, аз эҳтироми бузург бархурдор буд.

Раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский ва гурӯҳи бузурги сиёсатмадорону донишмандони лаҳистонӣ бар асари суқути ҳавопаймо дар канори фурудгоҳи шаҳри Смоленски Русия ба ҳалокат расиданд.

Андуҳи сарони кишварҳои ҷаҳон аз марги Качински

Сарони кишварҳои гуногуни олам дар робита ба марги президент Лех Качински ба мардуми Лаҳистон изҳори ҳамдардӣ мекунанд. Президенти Лаҳистон субҳи имрӯз бар асари суқути ҳавопаймо дар Русия ба ҳалокат расид.

Сарвазири Британия Гордон Браун гуфт, ки ин фоҷеа ӯро дар ҳоли шок қарор дода ва сахт андӯҳгин кардааст.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай изҳор намуд, ки бо мардуми Лаҳистон ҳамдард аст ва барои Качински дасти дуо мекушояд.

Вазири умури хориҷаи Испания, ки раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, изҳор намуд, Иттиҳодияи Аврупо дар ин лаҳзаҳои сангин Лаҳистонро танҳо нахоҳад гузошт.

Раҳбарони Русия, Фаронса, Олмон, Паймони НАТО ҳам ба Варшава барқияҳои ҳамдардӣ ирсол кардаанд.

Тамоми 96 сарнишини ҳавопаймои президенти Лаҳистон ҳалок шудаанд
Суқути ҳавопаймои Лех Качински


Раисиҷумҳури Лаҳистон (Полша) Лех Качински ҳамроҳ бо ҳамсараш ва як ҳайати баландпояи ин кишвар бар асари суқути ҳавопаймо дар минтақаи фурӯдгоҳи Северний, воқеъ дар вилояти Смоленски Русия, ба ҳалокат расиданд.

Ин ҳодиса соати 11-и имрӯз рух додааст. Ҳавопаймои сохти Ту-154 ҳомили раисиҷумҳури Лаҳистон аз шаҳри Варшава – пойтахти ин кишвар озими Русия буд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар додааст, ки дар ин садама ҳамаи 96 нафар сарнишинони ҳавопаймо кушта шудаанд.

Дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Полша гуфтааст, ки президенти ин кишвар Лех Качинский ҳамроҳ бо як ҳайати баландпоя, аз ҷумла раиси ситоди артиши Лаҳистон, раиси Хадамоти амни миллӣ, раиси Бонки марказии ин кишвар, муовини вазири корҳои хориҷии Лаҳистон, сафири Лаҳистон дар Русия, собиқ президенти Лаҳистон Ричард Качоровски, Омбудсмени Лаҳистон, як қатор вакилони мардумӣ, дипломатҳо ва таърихнигорон дар ин ҳавопаймо будаанд.

Ҳавопаймои раисиҷумҳури Лаҳистон ҳангоми фурӯд омадан ба фурӯдгоҳи Севернии вилояти Смоленск суқут кардааст.

Сабаби садама

Сабаби суқут ҳавои носозгор ва бархӯрди боли ҳавопаймо ба дарахтон ҳангоми фурӯдоӣ гуфта мешавад. Сергей Ануфриев, раиси вилояти Смоленск гуфтааст, ҳавопаймо пас аз бархӯрд бо дарахтон ба замин сарозер шуда, чанд пора гаштааст.

Ба гуфтаи ӯ, фурӯдгоҳи ин вилоят бо сабаби туман баста будааст ва қабл аз садама аз халабонҳои ҳавопаймои президенти Лаҳистон тақозо шудааст, ки дар фурӯдгоҳи шаҳри Минск ва ё Маскав фурӯд оянд. Вале онҳо талош кардаанд, ки ҳавопайморо дар Смоленск фурӯд оранд.

Лех Качинский мебоист имрӯз дар маросими ҳафтодумин солгарди ёдбуди қурбониёни «Катин» дар Смоленски Русия ширкат мекард.

Катин деҳкадаест дар вилояти Смоленски Русия. Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ, соли 1940 низомиёни шӯравӣ дар ин деҳа беш аз 21 ҳазор асири лаҳистониро ба қатл расондаанд.

Баъд аз ҳалокати раисиҷумҳури Лаҳистон Лех Качинский бар асари суқути ҳавопаймо дар шаҳри Смоленски Русия, раиси парлумони ин кишвар Бронислав Коморовский муваққатан масъулияти раҳбарии кишварро бар дӯш гирифт.

Раиси парлумони Лаҳистон тайи 14 рӯзи оянда бояд санаи интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳуриро эълон кунад.

Crash Scene Of Polish President's Plane
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG