Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯраҷонзода: "Мардуми Қирғизистон бедортар аст"


Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, демократия ва ниҳодҳои демократӣ аз аҳди Аскар Оқоев дар Қирғизистон реша гирифта ва ин кишвар бо анъанаҳои демократияш дар миёни кишварҳои минтақа ҳамеша фарқ мекард.

Ба эътиқоди оқои Тӯраҷонзода, , собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон ва аз раҳбарони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ҳаводиси ахири Қирғизистон ҳатман рӯи равандҳои сиёсӣ дар минтақа ҳатман асароте ба ҷо хоҳад гузошт, вале боиси тағйири билофосила дар сиёсатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ нахоҳад шуд.

Зеро, мегӯяд Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, раҳбарони кишварҳои дигари минтақа фикр мекунанд, ки вазъияти онҳо аз Қирғизистон фарқ мекунад, дар ҳоле ки фарқи чандоне надорад.

Аммо бо ин вуҷуд, оқои Тӯраҷонзода мутмаин аст, ки такрори айни ҳаводиси ахири Қирғизистон дар Тоҷикистон ғайримумкин аст ва дар ин кишвар ҳатто бо вуҷуди тақаллуби густардае ки дар интихоботи ахири парлумонӣ мушоҳида шуд, раҳбарони аҳзоби мухолиф хостори роҳи хушунат ва таҳаввули вазъ ба гунаи Қирғизистон нестанд.

Мусоҳибаи комили Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷозода инҷо метавонед бишнавед:



Зоиров: Тоҷикистон аз ҳаводиси Қирғизистон бояд панд бигирад

Назарҳо аз Тоҷикистон ба ҳаводиси Қирғизистон
XS
SM
MD
LG