Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарки деҳи бобоӣ аз ноамнӣ


Тайи солҳои ахир бисёре аз сокинони деҳоти наздимарзии ноҳияи Шӯрообод бо шикоят аз ғоратгариҳои қочоқчиёни маводи мухаддир ба дигар манотиқ кӯч мебанданд.

Абдураҳим Шомадов, соле қабл бо нишони эътироз аз рустои наздисарҳадии Заранги ноҳияи Шӯрообод ба деҳаи Лархобии ноҳияи Восеъ кӯчидааст. Ӯ мегӯяд, чаҳордаҳ сол қабл бо умеди обод кардани деҳи бобоӣ, ки дар паи муҳоҷиркунии соли 1960 аз кӯҳистон ба водиҳо хароб шуда буд, ҳамроҳи наздикон дубора ба ин деҳ омаданд. Аммо пас аз ғоратгариҳои зиёди қочоқчиён ва пурсуҷӯи мақомоти интизомии маҳаллӣ ин деҳаро тарк карданд.

Ӯ мегӯяд, замоне, ки гову моли онҳо аз ҷониби қочоқчиён рабуда мешуд ва мақомот ба ҷои кӯмаку дастгирӣ онҳоро дар ҳамкори бо қочоқчиён гунаҳкор медонистанд. Ба қавли ӯ, қочоқчиён сар то по мусаллаҳ буданд ва ба ҷуз ғорати молу гов дигар ҳеҷ гуна ҳамкорӣ бо сокинони бумӣ намекарданд.

Садҳо нафар зиндонӣ

Ин ҳам дар ҳолест, ки таи 15 соли ахир даҳҳо сокини деҳоти наздимарзии ноҳияи Шӯрообод бо ҷурми ҳамкорӣ бо қочоқчиён ба мӯҳлатҳои тӯлони равонаи зиндон шуда ва даҳҳо оила бесаробон мондааст.

Акбар Раҳимов, як сокини деҳаи Қавоқи ноҳияи Шӯрообод, мегӯяд, афроди маҳбасӣ воқеан ба қочоқи маводи мухаддир даст задаанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, барои ба чунин кор даст задани онҳо бояд пеш аз ҳама масъулини сарҳад ҷавоб бигӯянд, ки имкони гузари қочоқчиёнро аз он сӯи марз ба ин деҳот роҳ додаанд.

Рафтани русҳо хуб буд, вале...

Аз ҷониби дигар солҳои гузашта садҳо молу говро ба ғорат ва чанд тани дигар аз сокинони ноҳияро қочоқчиён ба гарав мегирифтанд.

Дар ҳамин ҳол Иброҳим Азизов, раиси ноҳияи Шӯрообод, аз такрор нашудани чунин ҳодиса дар дар се моҳи ахири соли ҷорӣ изҳори хурсандӣ менамояд. Вай мегӯяд, вазъи деҳоти наздисарҳадии ноҳия замоне бад буд, ки марзбонони рус умури сарҳадиро дар даст доштанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар муддати кӯтоҳ сарҳадбонон ба муваффақиятҳои бузург, аз ҷумла озод кардани 35 ҳазор ҳектор замини наздисарҳадӣ ва мустаҳкам кардани дидбонгоҳҳо ноил гаштаанд.

Аммо ҷаноби Азизов мегӯяд, “агар гӯем, ки дар сарҳад корҳо хеле хуб аст, хато мекунем, ҳарчанд, дар нисбати солҳои гузашта хеле хуб шудааст. Боварӣ дорам, ки бо кӯмаки ҳукумати ҷумҳурӣ дар солҳои наздик ин мушкилот пурра ҳали худро пайдо мекунад.”

Ноҳияи камбағалтарини Тоҷикистон


Рустам Наботов, як коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, воқеан бинобар кӯҳу ҷангалҳои касногузар доштан нигаҳбонии сарҳад дар ин ноҳия хеле душвор аст. Аз ҷониби дигар ба гуфтаи ӯ, зиндагии сокинони ин ноҳия низ хеле вазнин аст.

Ӯ мегӯяд, “дар ин ноҳия танҳо боғкориву зироаткорӣ ба роҳ монда мешавад, ки он ҳам агар сол нохуб биёяд, ҳосил намешавад. Бубинед, ки ноҳия зиёда аз 80 фисад аз буҷаи ҳукумати маркази маблағгузорӣ мешавад. Воқеан, Шӯрообод қашоқтарин ноҳияи дар кишвар аст”.

“Мардум аз маводи мухаддир безор аст”

Дар ҳамин ҳол Аламхон Раҳматов, сардори қисми низомии 29 31 мустақар дар ноҳияи Шӯрообод, мегӯяд, онҳо бо марзбонҳои Афғонистон сари мизи сӯҳбат нишаста, аз онҳо даъват кардаанд, то аз мардумашон хоҳиш кунанд, ки ба убури ғайриқонунии марз роҳ надиҳанд.

Аламхон Раҳматов мегӯяд, “бо сарҳадбонони Афғонистон сӯҳбат доштем. Хоҳиш кардем, ки онҳо низ миёни мардумашон тарғиб кунанд, ки ба корҳои фоидаовар даст зананд ва сарҳадшиканию ғоратро ба анҷом расонанд. Бигзор ба ҷои мавод мардуми онҳо ғалла бикорад. Халқи мо аллакай фаҳмидааст ва аз ин мавод ҳам безор аст. Бояд онҳо низ чунин кунанд.”

Минкории марз

Ноҳияи Шӯрообод дар ҷануби кишвар аз минтақаҳои ҳассоси марзист, ки 156 километр бо давлати исломии Афғонистон хатти марз дорад. Таи се моҳи ахир дар ин минтақаи марзӣ 6 нафар қочоқӣ кушта шудаааст. Соли гузашта шумори кушташудагон дар ин мавзеъ ба 10 нафар мерасид.

Инчунин, беш аз 35 ҳазор ҳектори замини марзӣ, ки соли гузашта аз тасарруфи қочоқчиён озод шуда буд, минкорӣ шудааст. Масъулин мегӯянд, ин минҳоро замони ҷанги шаҳрвандӣ русҳо гузошта, харитаашро бо худ бурдаанд ва сокинон то ҳанӯ наметавонанд, онро мавриди ситифода қарор диҳанд. Бо вуҷуди талошҳои зиёд ба қавли сокинони деҳоти наздимарзӣ ҳанӯз ҳам ноамнӣ эҳсос мешавад.

Аммо дар паи чунин омилҳо ба мисли Абдураҳмон Шомадов, ки нахуст исмашро зикр кардем афроди зиёде тарки деҳаҳои бобоӣ кардаанд ва бад ин тартиб чанд деҳаи кӯчак дар ин ноҳия комилан холӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG