Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси барномаҳои Эрон дар нишасти қудратҳо


Намояндагони 6 қудрати ҷаҳонӣ тавофуқ кардаанд, ки ҳафтаи оянда ба манзури баррасии масъалаи эъмоли даври чоруми таҳримоти СММ алайҳи Эрон дигарбора ташкили нишаст кунанд. Фиристодаҳои 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амният бо иловаи Олмон рӯзи панҷшанбе дар Ню-Йорк барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эронро баҳс карданд. Эрон тақозои қатъи ғанисозии ураниумро намепазирад ва Амрикову муттаҳидинаш бар ин боваранд, ки ҳадафи Эрон тавлиди силоҳи ҳастаист.
Сафири Русия Виталий Чуркин гуфт, дар нишасти Ню-Йорк ба манзури ҳалли бӯҳрони ҳастаии Эрон “пешниҳодҳои созанда” ироа шуд. Сафири Чин гуфт, қудратҳои ҷаҳонӣ ҳамчунон ба дарёфти роҳи ҳалли дипломатии ин мушкил бартарӣ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG