Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Басташавии гузаргоҳҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон


Тайи рӯзҳои ахир убуру мурури васоити нақлиёти байни Тоҷикистону Қирғизистон тавассути гузаргоҳҳои марзии Қарамиқи Ҷирғатол ва Қизил-арти Мурғоб қатъ гардидааст.

Сардабири рӯзномаи ноҳиявии «Қаротегин» Далер Сафаров бо такя ба манобеи мақомоти маҳаллӣ мегӯяд, ки гузаргоҳи марзӣ расман баста нашудааст, аммо рӯзи дуввум аст, ки нақлиёт дар масири Ҷиргатол-Саритош ҳаракат намекунад.

Вай гуфт, ки дар робита бо ҳаводиси ахири кишвари ҳамҷавор ба ронандагон тавсия шудааст, ки аз сафар худдорӣ варзанд.

Тавассути масири Ҷирғатол–Саритош иртиботи нақлиёти бо Уш ва дигар шаҳрҳои Қирғизистон сурат мегирад. Ҳамчунин роҳи Ҷирғатол-Саритош наздиктарин роҳи баромад ба Чин барои шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва корҳои навсозии ин роҳ идома дорад.

Роҳи Мурғоб-Уши Қирғизистон низ рӯзи саввум боз барои ҳаракати нақлиёт банд аст. Вале ба гуфтаи сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мурғоб Ғуломшо Ғуломшоев, мутаваққиф гаштани ҳаракати васоити нақлиётӣ ба таъсири авзоъ дар ҳамсоякишвар вобаста набуда, боришоти барф ва шамол дар ағба боиси басташавии роҳи нақлиёти гардидааст.

Аммо сокинони Мурғоб, ки бештар аз ҳама ба мақсадҳои тиҷоратӣ ва дидорбинии хешовандон ба вилояти Уш сафар мекунанд, нигарон ҳастанд, ки бо пеш омадани мушкилоти иртиботи ҳамлу нақли нархи молу маводи истеъмоли дар бозори ноҳия боло меравад.
XS
SM
MD
LG