Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева: "Бо Боқиев музокирот намекунем"


Раҳбари ҳукумати ҷадиди худхондаи Қирғизистон Роза Отунбоева гуфт, бо раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев музокироте сурат нахоҳад гирифт. Боқиев, ки ба ҷануби Қирғизистон фирор кардааст, гуфт, барои музокирот бо мухолифин омода ҳаст, вале истеъфо нахоҳад дод.
Бо ин ҳол, имрӯз як ҳайъат таҳти раҳбарии муовини раиси ҳукумати муваққат Алмосбек Ҳотамбоев ба хотири дарёфти кӯмакҳои иқтисодӣ роҳии Маскав шуд. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Катрин Эштон гуфт, ки фиристодаи хосаш Перр Морелл фардо ба Қирғизистон меравад.
Дари сафорати Амрико дар Бишкек рӯзи ҷумъа баста буд.
Кӯчаҳои Бишкек рӯзи 9 апрел ором ба назар мерасид. Дар Қирғизистон ба ёди қурбониёни ошӯбҳои ахири сиёсӣ ду рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Ин ошӯбҳо дастикам 75 кушта ба ҷо гузошт ва раисиҷумҳур Боқиевро маҷбур ба фирор кард.
XS
SM
MD
LG