Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Тифлис раҳбари мухолифонро боздошт кард


Дирӯз пулиси Гурҷистон барои чанд соат Александр Шаламберидзе-раҳбари мухолифонро боздошт кард. Шаламберидзе яке аз раҳбарони Шӯрои Миллист ва замоне боздошт шуд, ки мехост бо баъзе аз ҳамроҳонаш вориди Хонаи Матбуоти Тифлис шавад. Мақомоти интизомӣ ба дари Хонаи Матбуот муҳр зада буданд. Пулис мегӯяд, Шаламберидзе баъд аз огаҳии шифоҳӣ раҳо шудааст, вале ҳамроҳони вай ҳамоно дар боздошт ба сар мебаранд. Раҳбарони мухолифон мегӯянд, пулис Хонаи Матбуотро барои он бастааст, ки дар он ҷо маводи таблиғотии мухолифон дар бораи интихобот ба нашр мерасад. 30-юми май дар Гурҷистон интихоботи маҳаллӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG