Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқоти миёни Обама ва Медведев дар Прага


Руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия Барак Обама ва Дмитрий Медведев имрӯз дар Прага паймони нави коҳиши таслиҳоти ҳастаиро имзо карданд, ки аз байн бурдани садҳо таслиҳот аз амбори ҳастаии ин ду кишварро дар назар дорад. Паймони ҷадиди ҷойгузини паймони соли 1991 имзошудаи Старт хоҳад шуд, ки замони эътибораш дар моҳи декабри гузашта ба поён расид. Обама ин қарордодро як нуқтаи атф дар амнияти ҳастаӣ ва ҳам барои равобити Амрикову Русия хонд.
Мавзӯъи дигари музокироти Обамаву Медведев Эрон буд.
Барак Обама гуфт, Эрон бояд дар инзивоъ қарор дода шуда, “пайомадҳо”-и нақзи паймони ҷаҳонии манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро бубинад. Дмитрий Медведев гуфт, бо ин изҳори назари Обама “комилан мувофиқ“ аст. Медведев Эронро танқид кард, ки ба “пешниҳоди зиёди созанда” пиромуни барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш посухе надод. Медведев гуфт, Русия ба нақзи паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаиӣ аз ҷониби Эрон “чашм пӯшида” наметавонад ва Маскав эҳтимоли эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эронро сарфи назар намекунад. Медведев ҳамчунин барномаи бунёди сипари зиддимушакии Амрикоро бузургтарин мушкил дар роҳи расидан ба тавофуқ бар сари паймони ҷадиди СТАРТ номид. Обама гуфт, ду ҷониби ҷиҳати тавсиъаи доманаи баҳси масоили дифоъи мушакӣ низ ба тавофуқ расидаанд. Ӯ Медведевро итминони хотир дод, ки ин барномаҳо “тағйири мувозинати стротежӣ” байни Амрикову Русияро ба ҳадаф надоранд, балки бештар алайҳи кишварҳои сиякоре нигаронида шудаанд, ки метавонанд соҳиби таслиҳоти ҳастаӣ ва ё мушакҳо шаванд.
XS
SM
MD
LG