Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони нави коҳиши таслиҳоти ҳастаӣ имзо шуд


Барак Обама ва Дмитрий Медведев, руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия имрӯз дар Прага, пойтахти ҷумҳурии Чех паймони нави коҳиши таслиҳоти ҳастаиро имзо карданд. Ин қарордод коҳиши зарродхонаҳои ду кишварро пешбинӣ мекунад.

Паймони ҷадид ҷойгузини паймони соли 1991 миёни ду кишвар имзошудаи мавсум ба СТАРТ хоҳад буд, ки замони эътибораш дар моҳи декабри соли гузашта ба поён расид.

Русия ва Амрико ихтилофи назар дар робита ба созиши нави коҳиши силоҳҳои стратегиро чанде пеш аз байн бурданд. Музокироти ду ҷониб борои имзои созиши нави коҳиши силоҳи стратегӣ ба сурати тулониӣ ҷараён дошт.

Интизор мерафт, ки ҷонибҳо ҳамоҳангсозии ин санадро то моҳи декабри соли гузашта, яъне то поёни мӯҳлати татбиқи созиши қаблӣ анҷом диҳанд. Аммо ин музокирот то кунун бюа тӯл анҷомид.

Моҳи апрели соли гузашта Барак Обама ва Дмитрий Медведев дар бораи имзои созиши нави коҳиши силоҳи стратегӣ тасмим гирифтанд ва баъд аз се моҳ теъдоди силоҳи стратегиеро, ки аз байн бурда мешавад, мушаххас намуданд.

Ҷонибҳо дар мавриди аз 2200 то 1600 адад коҳиш додани кулоҳакҳои ҳастаӣ ва аз 1600 то 800 адад кам кардани мушакҳои стратегӣ мувофиқа ҳосил карданд.

Эрон - мавзӯъи дигари музокироти Обамаву Медведев

Барак Обама гуфт, Эрон бояд дар инзивоъ қарор дода шуда, “пайомадҳо”-и нақзи паймони ҷаҳонии манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро бубинад. Дмитрий Медведев гуфт, бо ин изҳори назари Обама “комилан мувофиқ“ аст. Медведев Эронро танқид кард, ки ба “пешниҳоди зиёди созанда” пиромуни барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш посухе надод.

Медведев гуфт, Русия ба нақзи паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаиӣ аз ҷониби Эрон “чашм пӯшида” наметавонад ва Маскав эҳтимоли эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эронро сарфи назар намекунад. Медведев ҳамчунин барномаи бунёди сипари зиддимушакии Амрикоро бузургтарин мушкил дар роҳи расидан ба тавофуқ бар сари паймони ҷадиди СТАРТ номид.

Обама гуфт, ду ҷониби ҷиҳати тавсиъаи доманаи баҳси масоили дифоъи мушакӣ низ ба тавофуқ расидаанд. Ӯ Медведевро итминони хотир дод, ки ин барномаҳо “тағйири мувозинати стротежӣ” байни Амрикову Русияро ба ҳадаф надоранд, балки бештар алайҳи кишварҳои сиякоре нигаронида шудаанд, ки метавонанд соҳиби таслиҳоти ҳастаӣ ва ё мушакҳо шаванд.
XS
SM
MD
LG