Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 маргталаб дар Кобул


Пулиси Афғонистон мегӯяд, дар пойтахт, шаҳри Кобул, 5 нафареро боздошт кардааст, ки бовар меравад, бомбгузорони маргталаб буданд. Бино ба хабарҳо, ин бузургтарин гурӯҳи бомбгузорони интиҳорист, ки дар пойтахти Афғонистон дастгир шудаанд. Абдулғаффор, муовини фармондеҳи воҳиди зиддибӯҳронии пулиси миллии Афғонистон гуфт, мақомоти амниятӣ дар бораи ин гурӯҳ маълумоти иктишофӣ дарёфт карда буданд ва бомбгузоронро дар ҷануби Кобул замоне боздошт карданд, ки онҳо дар як мошин ҳаракат мекарданд. Ӯ афзуд, ин гурӯҳро гурӯҳи Ҳаққонӣ, ки бо шабакаи Ал-Қоида иртибот дорад, ба Кобул фиристодааст.
XS
SM
MD
LG