Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезӣ дар Бразилия ҷони даҳҳо нафарро гирифт


Дар Бразилияи мақомот эълом карданд, ки бар асари обхезиҳои шадид, дасти кам 95 нафар ҳалок шудаанд ва зоҳиран теъдоди қурбониён ҳам хоҳад афзуд. Дар тӯли 24 соати гузашта дар шаҳри Рио Де Жанейро, пойтахти Бразилия 24 сантиметр борон рехтааст. Мақомот мегӯянд, селу обхезӣ фаъолияти нақлияти шаҳриро баҳам задааст ва даҳҳо нафар аз сокинони кулбаҳои атрофи пойтахт ва шаҳри Нитерой бар асари ярч ҳам ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG