Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Олмон аз стротежии ҳастаии Амрико


Гидо Вестервелле, вазири умури хориҷаи Олмон, аз стротежии нави ҳастаии Амрико истиқбол кард ва гуфт, Эрон бояд бори дигар омодаи гуфтӯгу бошад ва ошкоро таслиҳоти атомиро маҳкум намояд.” Давлати Амрико рӯзи сешанбе барномаи роҳбурдии ҳастаии худро эълом кард, ки дар он муттаҳид шудааст, ки алайҳи кишварҳои узви Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ аз бомби атомӣ истифода нахоҳад кард. Аз ин амр танҳо Куриёи Шимолӣ ва Эрон мустаснӣ будаанд. Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон имрӯз ба Обама ҳушдор дод, ки вокуниши кишвараш ба сиёсати нави ҳастаии Амрико “дандоншикан” хоҳад буд ва Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷа он барномаро “тарғибот” номид.
XS
SM
MD
LG