Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти Қирғизистон ба хушунат печидааст


Тазоҳурот дар шаҳри Бишкек пойтахти Қирғизистон ба бархӯрд миёни тазоҳургарони мухолифин ва нерӯҳои амниятӣ печидааст. Бино ба гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Бишкек, аз маҳалли тазоҳурот дар назди қароргоҳи раиси ҷумҳури Қирғизистон садои тирандозӣ ба гӯш расидааст. Бино ба гузоришҳо, то кунун шаш нафарро бо захми тир ба шифохонаҳо интиқол додаанд, агарчӣ таъйиди билофосилаи ин гузоришҳо номумкин аст. Тирандозӣ замоне шурӯъ шудааст, ки тазоҳургарон бо иҳотаи қароргоҳи раиси ҷумҳур хостаанд, аз миёни нерӯҳои пулис ва сарбозон ба қароргоҳ ворид шаванд. Ин тазоҳургарон истеъфои Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистонро талаб доранд. Пештар аз ин бино ба гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, тазоҳургарон ба самти пулис сангандозӣ кардаанд, ки барои пароканда кардани онҳо аз тирҳои резинӣ ва гази ашковар истифода мебурданд. Айни замон, додситонҳои Қирғизистон, чанде аз пешвоёни мухолифинро ба “ҷиноятҳои ҷиддӣ” муттаҳам карданд. Дар миёни онҳо, Алмосбек Отамбоев, раиси Ҳизби Сотсиал Демократ, Омурбек Текебоев, раиси ҳизби Ота Макон ҳам будаанд.
XS
SM
MD
LG