Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Сергей Лавров доир ба аҳдномаи ҳастаӣ


Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, имрӯз гуфт, Маскав ҳаққи “хориҷ шудан” аз аҳдномаи ҳастаӣ бо Амрикоро ҳифз хоҳад кард, ки қарор аст, ду тараф то чанд рӯзи дигар ба имзо расонанд. Бар асоси Аҳдномаи коҳиши силоҳҳои стратегӣ, ки интизор меравад, рӯзи 8 апрел дар шаҳри Прага имзо шавад, Русия ва Амрико бояд теъдоди кулоҳакҳои атомии стратегии худро то ба 1550 ададӣ коҳиш диҳанд. Сергей Лавров, гуфт, Русия “арзёбии хусусии худро” аз барномаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди истиқрори сипари дифоъи мушакӣ дар Аврупо хоҳад кард, ки ин барнома солҳои ахир як мояи барангезандаи таниш миёни ду кишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG