Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ҳамлаи Толибон ба консулгариро маҳкум кард


Амрико ҳамла ба консулгариаш дар Пешовари Покистонро маҳкум кард. Роберт Гиббс-сухангӯи Кохи Сафед гуфт, "Амрико ин ҳамларо бо қотеъият маҳкум мекунад". Тундравҳои саропо мусаллаҳ дар ду мошин талош доштанд дирӯз дар Пешовари Покистон ба консулгарии Амрико ҳамла баранд. Дар ин ҳодиса дастикам 7 нафар, аз ҷумла 4 ҳамлакунанда, кушта шуданд. Аъзам Тариқ-сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон аз минтақаи номуайяне телефонӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки ин ҳамла қасос ба "ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин" бар зидди Толибон дар марз бо Афғонистон будааст ва дар оянда низ чунин ҳамлаҳо ба нақша гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG