Пайвандҳои дастрасӣ

Пан Сун Дэк: “Кӯдакон ба ҳимояти бештар эҳтиёҷ доранд”


Пан Сун Дэк, ҳамсари Дабири кулли Созмони милали муттаҳид, ки барои нахустин бор аз Тоҷикистон боздид анҷом медиҳад, гуфт, ки идораҳои ин созмон кӯмакҳояшон ба кӯдакони бесаробони тоҷикро идома хоҳанд дод.

Ӯ ин суханонро ҳангоми дидораш бо кӯдакони бепарастори маркази “Миссия Благословие”дар ноҳияи Ваҳдат, изҳор дошт: “Хеле хушҳолам, ки имрӯз кӯдакони зеборо ин ҷо мебинам. Барои мо муҳим аст, ки аз кӯдакони худ бештар ҳимоят кунем. Агар тарбияи кӯдакон хуб роҳандозӣ шавад ва онҳо ҳимяоти бештаре бубинанд, оянда хуб хоҳад шуд”.

Ин гуфтаҳои Пан Сун Дэк дар ҳолест, ки дар оғози соли ҷорӣ мутахассисони Кумитаи ҳукуқи кӯдаки ин созмон ба Тоҷикистон машварат доданд, ки дар самти таҳкими захираву зербиноҳои беҳдоштиву маърифатӣ кори бештар анҷом ва дар самти рафъи хушунат нисбати кӯдакон талоши зиёдтар ба харҷ диҳад.

Маркази “Миссия Благословие” дар ноҳияи Ваҳдат чор сол пештар аз ин дар як манзили истиқоматии шахсӣ таъсис ёфтааст. Масъулони он агарчӣ таърихи дақиқи ин марказро ифшо накарданд, вале гуфта мешавад, ки ин марказ қаблан дар назди як ибодатгоҳи куриёӣ дар Душанбе фаъолият доштааст.

Ба суоли мо дар ин бора, ки оё ин марказро ҳанӯз кореягиҳо сармоягузорӣ мекунанд, як масъули он Елена Анатолеевна чунин гуфт: “Мо дар асоси хайрияҳо фаъолият дорем. Ҳоло мо мустақилем ва аз нафаре вобаста нестем”. Ин масъули маркази “Миссия Благословие” ҳамчунин афзуд, ки дар маркази онҳо ҳудуди 20 ятим ва фарзандони афроди камбизоат зиндагӣ мекунанд ва таълим мегиранд.

Баробари вуруди Пан Сун Дэк ба маркази “Миссия Благословие” кӯдакон ӯро бо шеърҳои тоҷикиву русӣ истиқбол гирифтанд ва бо забони англисӣ бо ӯ ошно шуданд. Пан Сун Дэк низ ҳар кадом аз ин кӯдаконро ба оғӯш гирифта, ҳадяҳои Созмони милалро ба онҳо супорид.

Заррина, ки ҳоло чордаҳ сол дорад, мегӯяд, ки чор сол инҷониб дар ин марказ зиндагӣ мекунад. Вай падару як хоҳар дорад, вале кайҳост, ки модарашро аз даст додааст. Заррина аз ноҳияи Шаҳритус, ҷануби Тоҷикистон аст ва мегӯяд, ки зиндагии ӯ дар ин маркази кӯдакон хуб мегузарад. Вале ба гуфтаи ӯ, мушкили онҳо ин аст, ки феълан ба як бинои бузургтаре эҳтиёҷ доранд.

Пан Сун Дэк, ҳамсари Дабири кулли Созмони милали муттаҳид, дар нахустин сафараш ба Тоҷикистон ҳамчунин аз маркази “Сарвар”, хобгоҳи духтароне, ки тариқи квотаи раиси ҷумҳур ба донишгоҳҳои кишвар роҳ ёфтаанд, боздид анҷом дод. Хонуми Пан то замоне ки ба Тоҷикистон ояд, дар Узбакистон ва Қирғизистон низ буд. Вай дар шаҳри Бишкек низ ба як маркази кӯдакон рафта, ба ҳимояти бештари онҳо таъкид кардааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG