Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба консулгарии Амрико дар Пешовари Покистон


Сафорати Амрико дар Покистон таъйид кардааст, ки имрӯз консулгарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Пешовари Покистон мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтааст. Дасти кам се нафар бар асри ин ҳамла кушта шудаааст.

Ариэл Ҳовард, сухангӯи сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, зимни тайиди ин ҳодиса, ба хабаргузории “Франс Пресс” доир ба ҷузъиёти ҳамла ва хисороту қурбониҳои эҳтимолӣ аз он чизе нагуфтааст.

Вале ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар назди консулгарии Амрико дар шаҳри шимолуғарбии Пешовар ва қароргоҳҳои артиши Покистон, дасти кам се инфиҷори қавӣ ва ҳамчунин тирандозӣ сурат гирифтааст.

Толибон - масъули ҳамла ба консулгарии Амрико

Дар ҳамин ҳол, толибони Покистон масъулияти ҳамла ба консулгарии Амрико дар шаҳри Пешоварро бар ӯҳда гирифтанд.

Аъзам Тариқ, сухангӯи ҳаракати Толибон аз маҳалли номаълуме ба хабаргузории “Ройтерс” тамос гирифта ва гуфтааст, ки амрикоиҳо душман ҳастанд ва ҳамлаҳои зиёди дигаре ба зидди онҳо тарҳрезӣ шудааст.

Бар тибқи гузоришҳо, афроди мусаллаҳ ба посгоҳи амниятии нерӯҳои покистонӣ дар назди консулгарӣ ҳамла кардаанд.

Як маъмури иттилоъотии Покистон гуфтааст, се муҳофизи консулгарӣ кушта шудаанд, аммо доир ба сарнавишти афроди мусаллаҳ хабаре дар даст нест.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG