Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Қирғизистон ба тазоҳурот омода мешаванд


Мухолифини Қирғизистон эълом карданд, ки қасд доранд, ба нишони эътироз аз фасод дар ҳукумат ва саркӯбии матбуот, тазоҳуроти густурда баргузор намоянд. Ҳаракати ваҳдати мардумӣ, як эътилофи нерӯҳои мухолифи давлат гуфт, раҳпаймоиҳо рӯзи чаҳоршанбе, 7 апрел баргузор хоҳад шуд. Роза Отунбоева, вазири собиқи умури хориҷа ва раҳбари мухолифини Қирғизистон, ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, ҳукумати Қирғизистон ба талаби Ҳаракати ваҳдати мардумӣ дар мавриди озодии бештари баён ва маҳви фасод дар ҳукумат посух надодааст. Ба гуфтаи вай, хонаводаи Қурмонбек Боқиев тамоми мақомҳои калидии давлатро тассаруф карда ва фишор ба мухолифин ва озодии матбуотро идома медиҳад. Қурмонбек Боқиев дар панҷ соли пеш бо ваъдаи маҳви фасоду қавмгароӣ дар ҳукумат ба сари қудрат омад, аммо фишори ӯ ба матбуоти мустақил дар ин авохир мояи нигаронӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG