Дар Юнони қадим Эзоп гуфтанӣ ғуломе буд. Марде буд безеб, вале хеле оқилу доно. Масалҳо мегуфт. Мардумро механдонд. Боре хўҷаинаш ба ҳамон Эзоп фармуд, ки вай ба ҳаммом рафта фаҳмад,ки дар он ҷо одам бисёр аст ё не, баъд омада ба ў гўяд, зеро вай имрўз ба ҳаммом рафтанист.
Эзоп ба ҳаммом омада дид, ки мардуми бисёре даро – баро доранд. Иттифоқан чашмаш ба санге афтод, ки дар назди дари ҳаммом хобидааст ва ҳар касе ки ба ҳаммом даромаданист, як бор ба он пешпо хўрда, сангпарторо дашноме медиҳаду, баъд ба дарун медарояд. Ниҳоят яке аз шўяндагон пас аз пешпо хўрдан, он сангро аз сари роҳи мардум бардошта ба як сў ҳаво дод. Эзоп худи ҳамон замон омада ба хўҷаинаш фаҳмонд: - Хўҷаин, дар ҳаммом ҳамагӣ як одам ҳаст!
Акнун таърихи як вохўрӣ, ки бо банда рўй додааст. Бо ин ҷавонмарди ҳузарб ман дар мурдахона шинос шудам. Аниқтараш ҳангоми интизории ҷаноза. Вай ноаён ба наздам омаду, якбора чунон ба таърифи ман сар кард, ки агар ягон ҷанозахон гуфтаҳои ўро мешунид, гумон мекард, ки ҳамон мурдаи даруни тобут ман ҳастам ва ин нутқи сариқабрии рафиқи ҷониам аст… Баъд мо дар чанд маърака бо ҳам вохўрдем, вале ҳеҷ гоҳ сари як миз нанишаста будем.
Ниҳоят дар яке аз тўйҳои пеш аз рамазонӣ, ки мардум аз «ногаҳон» омадани моҳи шариф даступохўрда шуда, чун моҳи охирини плани панҷсола ҳар рўз понздаҳ тўйӣ мегузаронданд, мо ҳар ду ба сари як миз афтода мондем. Вай баробари нишастан « Бисмиллоҳи Раҳмони Раҳим» гуфту, даҳони шишаро кушод, ва ба ман арақ рехт.
- Ман наменўшам.
- Шумо бо мошин омадед?
- Не бе мошину, ман наменўшам. Тамоман наменўшам.
- Нағз. Мошин ронда метавонед?
- Ҳа…
- Боз беҳтар. Шумо одами даркорӣ будаеду…
Ҳамин замон маро барои табрики навхонадорон ба назди баландгўяк даъват карданд. Ҳангоме, ки ман навбати «сухангўиям»-ро гузаронда ба сари миз омадам, дўсти ман бо дандон даҳони шишаи дуюмро мекушод.
- Муаллим,- баробари нишастанам ба ман муроҷиат кард «дўст» - ана ин калиди мошин, ана ин суроғаи хона, ана ин телефони дастии ман. Агар ана ҳамин тугмачаро пахш кунед, рост телефони хонаи ман занг мезанад. Ҳамаи ин ҳоло ба шумо лозим мешавад… Модоме, ки шумо наменўшед, пас ман бояд ба ҷои ду кас плани пеш аз рамазониро иҷро кунам… Вай гули гулдончаи шишагини рўи мизро гирифта, ба як сў ҳаво доду, ба он то лабаш арақ рехт ва «саломатии шумо ва тўйдор» гўён онро даркашид…
Вай дар ин тўй рақс накард, суруд нахонд, чизе нагуфту чизе ҳам нахўрд. Ба ғайр аз арақ… Ниҳоят, қариб вақти тамомшавии тўй, ин гўштхалтаи дарунаш пури арақ боз ба гап даромад:
- Муаллим, ман ба нуқтаи охирини одамгариам расидам. Агар ҳозир шумо маро ба хонам набаред, харигариам сар мешавад. Ё бо ягон кас занозан мекунам, ё дар ҳамин сари миз меафтам.
Бо ишораи ман хизматгузорони тўй ўро ба мошинаш бурда шинонданд. Дар қафо. Ман ба паси фармон нишастам.
- Мошинро дар стоянкаи назди хона монда, тугмачаи гуфтагиамро пахш мекунед. Маро омада мебаранд.
Ин фармони охирини шефи нави ман буд. Пас аз ин ў, ба қавли Эзопи юнонй худро ба оғўши Морфей, ки худои хоб дар асотири онҳост, андохт ва ману мошин ба роҳ баромадем. Аз рўи суроға кўча ва ҷои исти мошинро ёфтам. Пас аз нисфи шаб. Вақте аз мошин фаромада, ба дўстам нигоҳ кардам, вай акнун на ба кунда, балки ба халтае мемонд, ки дарунашро пур аз гўшти хом карда бошанд. Тугмачаи даркории телефони дастиро пахш кардам. Гўшакро зане бардошт. (Ҳамсараш ё духтараш.)
- Алло?
- Ба шумо гўшт даркор нест? – ҳазл карданӣ шудам ман.
- Чӣ қадар? – Савол андаке маро ҳайрон кард.
- Ягон 95-100 кило, -ба дўстам нигоҳ карда вазнашро муайан карданӣ шудам ман ва беихтиёр ҳазламро давом додам, - гиред, арзон медиҳам.
- Мегирем. Ба хона биёред.
- Ин занак ҳам шўх будааст. «Биёред»… Ин ба гуфтан осон.
Ноилоҷ шефро ба пуштам бардоштаму, ду ҳақиқати талхи ҳазлам ба ман ошкор гашт.
Якум: Вай дар ҳақиқат 100 кило бештар вазн дошт.
Дуюм: Аз вай ба ғайр аз бўи арақ , боз бўи гўшти хом ҳам меомад. Нострадамус шаву раве!..
Вақте дарро ба рўям кушоданд, ду чиз маро ҳайрон кард. Якум: Он зан чунон ба ман ҳайрон нигоҳ мекард, ки гўё ман ба вай аз берун занг назада, шавҳарашро бардошта, оварда бошам. Дуюм: Аз пойгаҳи дар то сардоба ва ҳатто даруни лагани сардоба бо селофан пўшонда шуда буд.
- Аз афташ ҳар рўз аҳволи ин дўсти ман ҳамин аст, - Аз дил гузарондам ман ва пурсидам,- Ба сардоба дарорам?
- Не – не, рахти хобаш дар хона, илтимос ба онҷо баред.
- Пас ин селофан чй маъно дорад?
- Ҷавоби саволам маро ба ҳолате овард, ки қариб шефамро аз пуштам меафтондам. Аз ханда.
- Ана ҳамин бори пуштатон, қассоб аст. Мизоҷҳо гўшт меоранд, вай мефурўшад. Ҳамин ҳозир яктоаш телефон кард. Гуфт, ки ягон 100 кило гўшти арзон дорад. Азбаски хўҷаин дар тўй буданд, ман гуфтам, ки гўштро бардошта ба хона биёранд. Ҳамин замон онро меоранд…
Ман барои доштани таксӣ ба сари роҳи калон баромадаму намедонам бо кадом сабаб худ ба худ, ба замзама сар кардам.
« Аз маст бипурсед, ки девона кадом аст».