Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи шадиди 7-балла дар Калифорния


Як зилзила бо шиддати 7,2 дараҷаи Рихтер нимҷазираи Байя Калифорнияро дар Мексика ва ИМА таккон дод. Заминларзаро дар Лос-Анҷелес ва Невада низ эҳсос кардаанд.

Идораи геологии ИМА гуфтааст, зилзила нисфирӯз рух дода, маркази он дар умқи 32-километрии беруни шаҳри мексикоии Гвадалупе будааст. Бар асари зилзила, дар Мексика як нафар ҷонашро аз даст додааст ва биноҳое хароб шудаанд. Хабаргузориҳои маҳаллии Мексика навиштаанд, ки дар шаҳре бо номи Мексикала сокинон зери харобаҳои манзилҳояшон мондаанд.

Ин бузургтарин зилзила дар чандин соли ахир дар ин минтақа маҳсуб мегардад. Идораи геологии Амрико гуфтааст, дар ҷанубу ғарби ин кишвар дар қариб бист соли ахир ин гуна зилзила рух надода буд. Дар ИМА беш аз 20 миллион нафар рафтани заминро эҳсос кардаанд.

Дар Лос-Анҷелес ниҳодҳои ёрирасон вазъи пул, роҳ ва хатҳои интиқоли барқро месанҷад, ки то куҷо зарар дидаанд. Баъзе одамон ба иллати хомӯш шудани барқ дар лифтҳо мондаанд. Дар Сан-Диего ларзиши биноҳои баландошёна, ба нақли шоҳидон, бо чашм мушоҳида мешудааст, ҳарчанд ҳеҷ биное хароб нашудааст.

Як зилзилаи 7-балла дар рӯзи 12-уми январи соли равон дар Ҳаитӣ тақрибан 220 ҳазор нафарро ба ҳалокат расонид ва беш аз як миллион нафари дигар бехонумон кард.
XS
SM
MD
LG