Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун ба Тоҷикистон омад


Имрӯз сафари Бан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистон оғоз шуд. Дидори дабири кулли Созмони Милал аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад.

Ин нахустин дидори Бан Ки Мун аз Тоҷикистон, пас аз ҳашт соли боздиди Кофӣ Аннон, собиқ дабири кулли ин созмони бонуфузи байналмилалӣ аст. Давлат Назриев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, дидору мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон аз нукоти меҳварии барномаи сафари Бан Ки Мун ба Тоҷикистон аст.

Интизор меравад, дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, нигарониҳои беасоси кишварҳои минтақа, ба хусус Узбакистон дар мавриди тақсими захоири об ва иҷрои пружаҳои энержӣ, ба хусус сохтмони неругоҳи «Роғун» матраҳ шавад. Мухолифат ба бунёди неругоҳи «Роғун» аз сӯи Узбакистон то ҳаддест, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, кишвари ҳамсоя аз ба истилоҳ «муҳосираи эълоннашудаи иқтисодӣ» кор гирифта ва дар муддати ду моҳи ахир ҳудуди 1000 вагони ҳомили бору колои Тоҷикистонро дар қаламрави кишвараш боздошт кардааст.

Дидори Бан Ки Мун, аз минтақаи Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон низ дар ҳолест, ки Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, дар ҷараёни сафари ахираш ба Ню-Йорк дар ду ҳафтаи пеш, ки дар чаҳорчӯби ширкат дар муколамаи сатҳи олии Маҷмаъи умумии СММ таҳти унвони «Маблағгузорӣ барои рушд» сурат гирифт, бо дабири кулл мулоқот карда аз ҳамзамон дар нишасти хабарие дар мақари ин созмон нигарониҳои ҷониби Узбакистон дар мавриди тақсими захоири об дар минтақа ва бунёди неругоҳи барқӣ - обии Роғунро бепоя хонд ва гуфт, ҷониби Узбакистон метарсад, ки баъд аз бунёди Роғун тақсимоти об нохолисона мешавад ва Тоҷикистон обро ба нафъи худ истифода хоҳад бурд. Аммо, дар айни замон, гуфт ӯ, кишвараш ҳамагӣ 15 дарсади тамоми оби дарёҳояшро истифода мекунад. Оқил Оқилов афзуд, “Ғунҷоиши обанбори нерӯгоҳи Роғун 13 миллиард метри мукааби об хоҳад буд. Оби обанбор на дар тӯли як ё ду сол, балки дар тӯли чанд даҳсола ҷамъ хоҳад шуд. Мо ба онҳо мегӯем, ки раванди ҷамъшавии об дар тӯли чандин даҳсола давом хоҳад кард. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки агар мо аз роҳи маданӣ ҳамкорӣ кунем, мушкилоти обро мешавад ба нафъи мардуми Осиёи Марказӣ ҳал кард.”

Нахуствазири Тоҷикистон дар ин нишаст таъкид кард, ки СММ метавонад дар ҳалли вазъи баамаломада ва масъалаҳои марбут ба тақсимоти манобеъи обу энержии минтақа нақши муҳим бозад. Вай гуфт, раванди гуфтушунид миёни Тоҷикистону Узбакистон барои пайдо кардани роҳи ҳалли масъала бояд аз сар гирифта шавад. Ин барои аввалин бор буд, ки баҳси Узбакистону Тоҷикистон ба саҳнаи СММ кашонида шуд.

Ҳамакнун, ки Бан Ки Мун аз кишварҳои минтақа ба хусус Узбакистон дидан карда ва мулоқотҳоеро бо сарони ин кишварҳо анҷом додааст, ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки Созмони Милал аз иқдомоти ин кишвар дар масоили тақсими захоири обу энержӣ пуштибонӣ хоҳад кард. Давлат Назриев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, «Умедворӣ ба он дорем, ки он ташаббусҳое, ки Тоҷикистон дар мавзӯъи об ҳам дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон дорад, дар доираи барномаҳои рушди ҳазорсола дар мулоқоти дабири кулл бо президенти Тоҷикистон баррасӣ мегарданд ва интизори онро дорем, ки СММ бори дигар ҷонибдории худро аз иқдомотҳои ҷумҳурии Тоҷикистон иброз хоҳад дошт. Зеро мавқеъи Тоҷикистон дар ин мавзӯъ устувор аст. Ба хусус дар иҷрои пружаҳои энержӣ. Ва мо дар иҷроиши ин барномаҳо на танҳо манфиати худро дар назар дорем, балки манфиатҳои кишварҳои минтақаро низ дар назар дошта шудааст.».

Аммо Узбакистон ҳамвора ба сохтмони ин неругоҳ мухолифат карда ва хостори экспертиза ё арзёбии байналмилалӣ тавассути СММ аст. Ин дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон барои баргузории ин арзёбӣ ризоят додааст ва санадеро дар ин замина бо Бонки Ҷаҳонӣ ба имзо расонидааст. Бо ин ҳам коршиносон мегӯянд, бунёди неругоҳи «Роғун» дар муносиботи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон таниши ҷидиеро ба бор овардааст ва баъид аст, ки дар як сафари кӯтоҳи дабири кулли Созмони Милали Мутаҳҳид мушкилоти мавҷуд ба таври сареъ ҳаллу фасл гардад.
XS
SM
MD
LG