Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бамгузори дуввуми метрои Маскав муаллима будааст


Як рӯзномаи Русия аз қавли марде навиштааст, ки имкон дорад бамгузори дуввуми метрои Маскав духтари вай бошад. Духтари вай Марям Шариловаи 28-сола муаллима будааст. "Новая Газета" навиштааст, Расул Могаммедов мегӯяд, ки акси бамгузори маргталаб ба акси духтари вай монанд аст. Духтари вай ҳам дар рӯзи ахире, ки падараш дидааст, рӯсарии сурх доштааст. Ин зан як рӯз қабл аз инфиҷори метрои Маскав ғайб задааст. Дар ду инфиҷори метрои Маскав 40 нафар кушта шуданд. Қаблан бозрасон яке аз ин ду зани бамгузори маргталабро шиносоӣ карданд. Вай зани 17-солаи бевамондаи як шӯришӣ аз Доғистон будааст.
XS
SM
MD
LG