Дирӯз бамгузорони маргталаб дар назди сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Бағдод-пойтахти Ироқ се мошини бамгузоришударо мунфҷир сохтанд. Дар ин бамгузориҳо 42 нафар кушта, беш аз 200 нафар ҷароҳат бардоштанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли генерал майор Қасим ал Мусавӣ-сухангӯи нируҳои амниятӣ гуфтааст, ин инфиҷорҳо намояндагии кишварҳои хориҷиро ҳадф қарор дода буданд. Инфиҷорҳо ба сафоратхонаҳои Эрону Миср ва ба манзили зисти сафири Олмон наздик будааст. Ҳасан Козими Қумӣ-сафири Эрон дар Ироқ гуфтааст, инфиҷор дар назди дарвозаи сафоратхона рух додааст ва каме харобӣ бар ҷой гузоштааст, вале касе дар дохили сафорат аз он осеб надидааст.