Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти либосу пойафзол ба Ғаззаро иҷозат доданд


Исроил имрӯз воридоти як теъдод либос ва пойафзолро ба навори Ғазза иҷозат дод. Исроил аз моҳи июни соли 2006 ба ин сӯ, дар пайи асорати як сарбозаш ин бахши сарзаминҳои фаластиниро дар муҳосира қарор дода буд. Аммо воридоти маҳсулот ба Ғазза ҳамчунон маҳдуд аст, бахусус барои ашёе, ки метавонад дар тавлиди мушакҳои худсохт истифода шавад.
Исроил бо талаби қатъи муҳосираи Ғазза таҳти фишори афзоянда қарор дошта, мунтақидон мегӯянд, ин амалаш муҷозоти дастҷамъонаи тамоми мардуми навори Ғазза аст.
XS
SM
MD
LG