Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Кӣ Мун раҳбарони Қирғизистонро мазаммат кард


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун рӯзи шанбе раҳбарони Қирғизистонро барои мушкилоти мавҷуд дар масъалаи ҳуқуқи башар мазаммат кард. Бан Кӣ Мун дар суханрониаш дар парлумон бо изҳори ташвиш аз рӯйдодҳои ахир дар ин кишвар гуфт, куллия ҳуқуқи башар, аз ҷумла озодии баён ва озодии матбуот бояд риоят шавад. Ҳангоми вуруди раҳбари СММ ба сохтмони парлумони Қирғизистон тазоҳургарон шиорҳоеро бо чунин навишта баланд карданд, ки “Ба мо кӯмак кунед!”
Бан Кӣ Мун бо раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва вазири хориҷааш Қодир Сарбоев низ мулоқот дошт.
Ӯ рӯзи 4 апрел ба Узбакистон ва 5 апрел ба Тоҷикистон сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG