Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай боз рӯ ба Вашингтон меорад


Ҳомид Карзай дар пайи як суханронияш, ки ҷомеаи байналмилалиро дар тақаллуби густарда дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳуриаш айбдор кард, акнун дар фикри дубора оддӣ сохтани равобит бо Вашингтон шудааст.

Амрико билофосила он изҳороти Карзайро “изтиробовар” ва “мӯҷиби нигаронии ростин ва воқеъӣ” номид. Ин аст, ки Ҳомиди Карзай худ пойи телефон нишаст ва ба вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон занг зад. Карзай дар ин гуфтугӯ талош кардааст, Клинтонро дар мавриди он суханронии зиддинақизаш итминони хотир диҳад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ гуфт, Карзай дар ин гуфтугӯ, ки 25 дақиқа тӯл кашид, пойбандиаш ба ҳамкории Амрикову Афғонистонро таъйид карда ва дидгоҳи худ ба бурду бохти ҷомеаи байналмилалиро изҳор доштааст. Ба гуфтаи сухангӯ, Карзай ва Клинтон ба ҳам тааҳҳуд супурдаанд, ки ҳамкориро ба хотири мушорикат идома диҳанд.

Ваҳид Умар, сухангӯи Ҳомид Карзай низ талош кардааст, оташи ҷанҷоли бархостаро ҳаддалимкон фурӯ нишонад. Ӯ гуфт, дар мавриди суханони Карзай як навъ сӯитафоҳум пеш омада ва раҳбари Афғонистон танҳо мехост, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба нигарониҳои мардум ва давлати ин кишвар таваҷҷӯҳ кунад.

Рӯзи 1-уми апрел дар як изҳороти ба таври бесобиқа шадидуллаҳн Ҳомиди Карзай сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Кобулро айбдор кард, ки бо ҳадафи заиф кардани ҳукумати ӯ маъракаи ришвадиҳӣ ва тақаллуби густарда дар ҷараёни интихоботи моҳи августи раёсати ин ҷумҳурии ҷангзадаро раҳбарӣ кардаанд. Карзай бахусус рӯи ду нафар – Питер Ҷелбрейф, муовини раҳбари дафтари СММ, ва Филипп Мориллон, раҳбари ҳайъати нозирони ИА, таъйид кард. Ҷелбрейф, ки дар пайи як баҳс бо раҳбари дафтари СММ аз кор рафт, қаблан гуфта буд, ки дастикам 30 дарсади орои Карзай аз роҳи тақаллуб ба даст омадааст. Ин дар ҳолест, ки Комиссияи шикоёти интихоботӣ ҳамагӣ тақрибан 1 миллион раъйи ба Ҳомид Карзай додашударо бекор карда буд.

Вашингтон ба иттиҳомоти эълонкардаи раҳбари Афғонистон хеле зуд посух дод. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ ҳамагӣ чанд соат баъд аз изҳороти Карзай дар посух гуфт, чунин қазоватро қабул намедоранд. Кровлӣ гуфт, Амрико ба раҳбарии заифу бад ба Афғонистон манфиатдор нест.

Таниши ахир дар равобити Кобул ва Вашингтон ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз боздиди ногаҳонии раисҷумҳури Амрико Барак Обама аз Афғонистон пеш омадааст. Як ҳадафи он сафар фишор овардан ба Карзай буд, ки ҷиҳати мубориза бо фасод бештар ва ҷиддитар иқдом кунад. Равобити Карзай бо маъмурияти Обама аз ибтидо сард буд, вале интихоботи пуртақаллуби соли гузашта фазои равобитро миёни маъмуриятҳои кунунии Амрикову Афғонистон боз ҳам сардтар кардааст.
XS
SM
MD
LG