Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Бан Кӣ Мун ба ҳукумати Туркманистон


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз аз ҳукумати Туркманистони хост, “тамоми тааҳҳудоти байналмилалии худ дар мавриди ҳуқуқи инсонро” иҷро кунад. Дар нишасти хабарии муштарак бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, Бан Кӣ Мун дар шаҳри Ашқобод гуфт, Созмони Милал ҳозир аст, “бо ҳукумат дар мавриди нигарониҳо аз ҳуқуқи инсон” вориди гуфтӯгу шавад. Дабири кулли Созмони Милал баъди боздид аз Туркманистону Қирғизистону Ӯзбакистон, рӯзҳои 5 ва 6 апрел дар Тоҷикистон хоҳад буд ва боздидаш аз минтақаро дар Қазоқистон анҷом хоҳад дод. Ҳомиёни ҳуқуқ аз Бан Кӣ Мун хоста буданд, то масъалаи ҳуқуқи башарро бо ҳукуматҳои минтақа дар миён гузорад, ки собиқаи тӯлонии нақзи ҳуқуқи инсонро доранд.
XS
SM
MD
LG