Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Ҳу Ҷинтао масъалаи Эронро баррасӣ карданд


Кохи Сафед гуфт, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар як гуфтӯгуи телефонии яксоата бо Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳури Чин, масъалаи барномаи атомии Эронро баррасӣ кардааст. Дар баёнияи расмии Кохи Сафед омадааст, Барак Обама ба аҳамияти фаъолияти муштараки Чину Амрико таъкид кардааст, то тазмин диҳанд, ки Эрон ба тааҳудоти байналмилалӣ хеш пойбанд бошад. Пеш аз гуфтӯгу, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тасмими Чин барои пайвастан ба музокироти қудратҳои ҷаҳонӣ доир ба эъмоли таҳримоти нав алайҳи Эрон истиқбол кард. Ҳукумати Амрико ҳамчунин аз тасмими раиси ҷумҳури Чин барои ширкат дар нишасти сарон доир ба манъи густариши силоҳҳои атомӣ истиқбол кард, ки ин нишаст, охири ҳамин моҳ дар Вашингтон баргузор мешавад. Ба гуфтаи Амрико, ин фурсати муҳиме барои баррасии манъи густариши силоҳҳои атомӣ ва дифоъ аз тероризми ҳастаӣ аст, ки ба манфиати ҳарду кишвар мебошад.
XS
SM
MD
LG