Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико иддаъои баҳсбарангези Карзайро рад кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддаъоҳои Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистонро, рад кард, ки гуфт хориҷиён маъсули тақаллубкорӣ дар интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳури ин кишвар будаанд. Ба гуфтаи Ҳомиди Карзай, ин корро ба хотири он кардаанд, то обрӯи ӯро коҳиш дода ва порлумони камсамаре дар Афғонистон таъсис диҳанд. Аммо Филип Кровлӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, гуфт, Иёлоти Муттаҳида ин қазоватҳои Карзайро қабул надорад. Вай афзуд, муҳим аст, то Ҳомиди Карзай ба мардуми худ нишон бидиҳад, ки қодир ба идораи муассири ҳукумат аст ва метавонад, барои мубориза бо фасоди идорӣ иқдом кунад. Питер Галбрайф, муовини собиқи раҳбари дафтари Созмони Милал, айни иттиҳомот нисбат ба хешро рад кард, “масхараомезу бемаънӣ” хонд.
XS
SM
MD
LG