Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мавсими нави футбол дар Тоҷикистон


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба оғози мавсими нави футбол дар Тоҷикистон бахшида шудааст.

Мусобиқаи XIX қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо ширкати 9 даста дар чаҳор давра баргузор хоҳад шуд. Федеросиюни футболи Тоҷикистон тақвими ду давраи бозиҳоро, ки аз 3-юми апрел то 1-уми август идома хоҳанд кард, тасдиқ намуд. Дар мусобиқаи имсола дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Равшан»-и Кӯлоб, се тими шаҳри Душанбе - «Истиқлол», «Энергетик» ва ССКА «Помир», инчунин, дастаи ҷадид - «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Дар ин барнома мусоҳибаи мо бо Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ва Аслиддин Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Инчунин Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва Зоир Бобоев, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар бораи сабқати лигаи олии футболи кишвар фикру андешаҳои худро баён мекунанд.

Ҳамчунин дар ин барнома хабарҳои тозаи варзишӣ ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.


XS
SM
MD
LG