Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми Ал-Ҳанса иҷро хоҳад шуд?


Имрӯз дар Арабистони саудӣ Алӣ Сибат Ал-Ҳанса, экстрасенс ва муҷрии телевизион аз Лубнон, шояд эъдом шавад. Дар ин бора вакили мудофеъи ӯ хабар дод ва аммо гуфт, ки ин иттилоъ ҳанӯз расман тайид нашудааст. Вакили мудофеъи Ал-Ҳанса афзуд, ки тибқи ҳукми додгоҳ шояд фарди таҳти дифояшро сар бибуранд. Аз ин пеш ӯ аз мақомоти Арабистони саудӣ ва Лубнон хоҳиш карда буд, ки барои бознигарии ҳукми додгоҳ мусоидат кунанд.
Алӣ Сибат Ал-Ҳанса моҳи майи соли 2008, ҳангоми иҷрои фароизи ҳаҷ дар шаҳри Мадина боздошт шуда буд. Ҳукми додгоҳ дар баробари ӯ соли гузашта содир гардид. Додгоҳи Арабистони саудӣ Алӣ Сибатро барои фолбинӣ ва пешгӯиҳояш ба эъдом маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG