Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳоти таърихӣ дар низоми додгоҳии Тоҷикистон


Додрасҳои Тоҷкистон аз имрӯз салоҳиятеро ба даст оварданд, ки тайи тақрибан ду даҳсола аз он маҳрум буданд. Аз имрӯз Кодекси нави ҷиноии Тоҷикистон ҳукми иҷро гирифт, ки салоҳиятҳои додрасҳоро бештар карда ва аз салоҳиятҳои додситонӣ костааст. Бар асоси қонуни мазкур, аз ин пас ҳукми боздошту, таҳқиқ ва шунидани гуфтӯгуҳои маҳрамонаи шаҳрвандон танҳо додрасҳо содир хоҳанд кард, на ниҳодҳои додситонӣ. Ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон мегуфтанд, қонуни пешин салоҳиятҳои беш аз ҳадро ба мақомоти додситонӣ дода ва роҳро барои беадолатӣ дар муҳокимаҳои додгоҳӣ боз мекард. Созмони Милал низ аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, бо ислоҳи Қонуни Ҷиноӣ салоҳиятҳои додрасҳои кишварро бештар кунад.
XS
SM
MD
LG