Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз имрӯз пулакӣ шуд


Аз рӯзи 31 март роҳи Душанбе-Хуҷанд –Чаноқ, танҳо шоҳроҳе, ки маркази Тоҷикистонро бо вилояти Суғд мепайвандад, пулакӣ шуд. Расми ифтитоҳи ин роҳи палкӣ имрӯз дар мавзеъи Чорбоғ, дар шимоли Душанбе доир шуд. Олим Бобоев, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, пулакӣ шудани ин роҳ ба нафъи иқтисоди кишвар хоҳад шуд.
Аммо аксари ронандагон мегӯянд, пулакӣ шудани ин масири муҳим боиси боло рафтани қиматҳо хоҳад шуд.
Масъулияти ҷамъоварии маболғи барои истифода аз ин шоҳроҳро як ширкати бритониёӣ бар ӯҳда дорад, ки қимати истифода аз ҳар километри роҳи Душанбе-Чаноқро дар ҳоли ҳозир барои мошинҳои сабкурав 20 дирам таъйин кардааст. Тибқи нархнома, ҳар километри ин роҳ барои мошинҳои боркаш 1 сомониву 88 дирам тамом хоҳад шуд.
Давлати Чин барои тармими роҳи Душанбе-Чаноқ тақрибан 300 миллион доллар қарзи боимтиёз ҷудо кардааст ва иҷрои ин барномаро низ як ширкати роҳсозии Чин бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG