Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Маскав мотами миллӣ эълон шудааст


Имрӯз дар шаҳри Маскав ба ёди қурбониёни таркишҳо дар истгоҳҳои метрои шаҳр рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст. Бар асари ду инфиҷор дар истгоҳҳои “Лубянка” ва “Парк Культуры” дар субҳи рӯзи душанбе 38 нафар ба ҳалокат расидаанд. 72 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳо интиқол ёфтанд ва табибон вазъи панҷ тани онҳоро сангин арзёбӣ мекунанд. Ба иттилоъи расонаҳои Маскав, миёни қурбониён як шаҳрванди Тоҷикистон - Умед Абдураҳмонов низ ҳаст. Як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шуда ва айни ҳол дар бемористони ба номи Склифасовский таҳти назорати табибон қарор дорад. Ва аммо сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ҳанӯз ин иттилоъро таъйид накардааст.
Хадамоти федеролии амнияти Русия дар ин ҳамлаҳои террористӣ гурӯҳҳои ошӯбгари Қафқози шимолиро муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG