Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салмон Лангариев дар 84-солагӣ даргузашт


Субҳи имрӯз дар Кӯлоб Салмон Лангариев-фармондеҳи собиқи Ҷабҳаи мардумӣ ё Фронти Халқии Тоҷикистон дар 84-солагӣ даргузашт. Фарзандони вай Лангарӣ, Файзалӣ, Бахтиёр ва Сӯҳроб дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ном бароварда буданд. Ҳоло Сӯҳроб-фарзанди хурдии вай ба ҳабси абад маҳкум шудааст ва дар зиндон ба сар мебарад. Вай барои ширкат дар қочоқи маводи мухаддир боздошт ва зиндонӣ шуд. Бахтиёр дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Файзалӣ дар рутбаи низомии генерал -майор раҳбарии яке аз раёсатҳои вазорати дифои Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Аслан ин хонаводаро Лангарӣ Лагариев-фарзанди бузурги хонавода бо ширкат дар даргириҳо бар зидди мухолифони вақти ҳукумат номдор карда буд. Вай моҳи октябри соли 1992 дар яке аз ҷангҳо дар наздикии Норак захмӣ ва кушта шуд.
XS
SM
MD
LG