Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси хатти марзи Исфара ва Бодканд


Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон иддаои сокинони манотиқи ҳаммарзи Исфараро дар бораи тасарруф шудани деҳоти тоҷикнишинро беасос мехонанд.

Ахиран шабакаи мустақили телевизионии К+ дар бораи эътирози як гурӯҳ бошандагони ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон гузориш пахш кард. Ба гуфтаи сокинони манотиқи наздимарзии Исфара, вилояти Бодканди Қирғизистон баъзе минтақаҳои аҳолинишини ноҳияи Исфараро ба тасарруфи худ даровардааст. Ба таъкиди онҳо, ин дар ҳолест, ки ҳатто номи чанд деҳае, ки таҳти тасарруфи Қирғизистон даромадааст, тоҷикӣ буда, ба мардуми қирғиз ягон иртибот надорад.

Аммо Мамаҷон Бердишев, сухангӯи ҳукумати вилояти Бодканд, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ перомуни ин мавзӯъ гуфт, ки ба далели идома ёфтани корҳои таъйин ва аломатгузории марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон касе наметавонад даъво кунад, ки ин ё он минтақаи марз марбути Қирғизистон аст, ё Тоҷикистон.

Вай афзуд, то ҳол дар ҳудуди панҷоҳ дарсади марзи миёни кишвараш бо Тоҷикистон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Бар асоси суханони оқои Бердишев, як комиссиюни вижаи байниҳукумат маҳз ба масъалаи дақиқ намудани минтақаҳои мавриди баҳси марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон машғул аст.

Мамаҷон Бердишев мегӯяд, вале пӯшида нест, ки таъйини аломатгузории марз масъалаи оддӣ нест ва он муддати дурударозро тақозо хоҳад кард. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ба анҷом нарасидани ин раванд ба дӯстиву рафоқати байни қирғизҳо ва тоҷикон ягон халал ворид намекунад.

Аммо Мирослав Ниёзов, собиқ дабири Шӯрои амнияти қирғиз, мегӯяд, ки ба таъхир афтодани корҳои таъйин ва аломатгузории марз метавонад пайомадҳои ногувореро низ эҷод кунад.

Собиқ дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфт, ҷои шакку шубҳа нест, ки пахшу ба нашр расидани иттилооти зиддунақиз дар расонаҳо дӯстиву рафоқати байни ду халқи ҳамҷаворро ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Мирослав Ниёзов, вале адами муросову мадоро ва дар миён омадани ихтилофи назарҳо дар мавриди таъйин ва аломатгузориҳои марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Ӯзбакистон сабаби тӯл кашидани ин раванд шудааст.
XS
SM
MD
LG