Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай аз Чин сармоя меорад


Имрӯз, 24-уми март, Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, дар чаҳорчӯбаи боздиди серӯза аз Чин дар Пекин бо раҳбарони ин кишвар музокироти худро дар бораи сармоягузорӣ дар Афғонистон ва таъмини оромӣ дар минтақа оғоз кард.

Карзай дар Пекин бо Ҳу Ҷинтао, раисҷумҳури ин кишвар, мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот "масъалаҳои муҳими дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ" баррасӣ шуд. Ҳу Ҷинтао ва Ҳомид Карзай дар Пекин шоҳиди имзои мувофиқатномаҳои ҳамкории миёни ин ду кишвар шуданд. Ҳу Ҷинтао изҳори боварӣ кард, ки боздиди Ҳомид Карзай аз Чин "ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва муштаракро ба сатҳи нав боло хоҳад бурд".

Дар ин боздид Карзайро вазирони корҳои хориҷа, дифоъ, маъдан ва манобеъи табиӣ, сармоягузорӣ ва раҳбарони 20 ширкати афғонӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар ҷараёни ин боздид амнияти минтақа, тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ дар иқтисоди Афғонистони ҷангзада баррасӣ шуд.

Бахши Афғонистони Озоди радиои Озодӣ мегӯяд, эҳтимол дорад, вазири маъдани Афғонистон дар бораи оғози кор дар 11 чоҳи гази табиии Афғонистон дар Ҷузҷону Маймана воқеъ дар шимоли Афғонистон гуфтугӯ кунад. Ҳоло сармоягузорони хориҷӣ мунтазиранд, ки чӣ ширкате иҷозаи кор дар ин чоҳҳои газро ба даст меорад. Ҳоло Чин дар наздикии ҳамин чоҳҳо дар қаламрави Туркманистон дар чоҳҳои газ кор мекунад.

Моҳи декабр интиқоли газ аз як лӯлаи гази Туркманистон ба Чин оғоз шуд. Ин лӯла аз қаламрави Ӯзбакистону Қазоқистон мегузарад. Дар соли 2007 як ширкати чиноӣ бо номи China Metallurgical Group дар озмуни байналмилалӣ барои кор дар кони дастнахӯрдаи мис дар Лугари Афғонистон пирӯз шуд. Ин тарҳ ба арзиши 3 триллион доллар бузургтарин сармоягузории хориҷӣ дар таърихи Афғонистон дониста мешавад. China Metallurgical Group барои дарёфти ҳаққи кор дар кони оҳани Ҳоҷигак дар вилояти Бомиён низ дархост додааст.

Афғонистон ва Чин дар силсилакӯҳҳои Помир бо якдигар марзи кӯтоҳе доранд. Чин, ки ба Афғонистон кӯмакҳои башарӣ мерасонад, қавл додааст, ки дар бозсозии ин кишвар низ саҳм хоҳад гирифт. Аммо мақомоти раҳбарии Чин аз мушкилоти амниятие, ки Афғонистон бо он рӯ ба рӯст, изҳори нигаронӣ мекунанд. Чин нигарон аст, ки душвориҳои амниятии Афғонистон метавонад ба минтақаи Шинҷони Чин низ сироят кунад. Дар Шинҷони Чин уйғурҳо, яъне мусулмонони Чин ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG